Noble Quran » Тоҷики » Books » Осонгири ва тасомуҳ дар Ислом
Осонгири ва тасомуҳ дар Ислом
Дини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.Formation : Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед
Translators : Абдусаттори Ҳақназар
Source : http://www.islamhouse.com/p/372449
Random Books
- Дӯстӣ ва хешовандӣ миёни аҳли байт ва асҳоби Паёмбар (с) (Намунаҳои далолаткунанда бар робитаҳои самимӣ миёни аҳли байт ва саҳобагон)Ин намунаҳои хешовандӣ гуёи муҳаббати ногусастанӣ ва хешовандии бисёр мустаҳкам миёни аҳли байт ва саҳобаи Паёмбар (с) аст. Ин китоб бо далелҳои равшан ва мустаҳкам мавзуи муҳаббати мавҷуд миёни онҳоро исбот мекунад ҳамон гуна ки Худованд дар васфи онҳо гуфтааст: "Нисбат ба якдигар меҳрубон ва дилсӯзанд".
Formation : Али ибни Ҳамад ибни Муҳаммад Ат-Тамими
From issues : Маркази баҳсҳои мабарраи Ол ва Асҳоб
Source : http://www.islamhouse.com/p/344067
- БОҒИ НАКУКОРОНИн китоб баргузидаи асари маъруфи олими тавонои асри XII Абузакариё ибни Шарафи Наввавӣ «Риёзу-с-солиҳин» аст. Ин асар дар робита ба муҳимтарин мавзўъҳои ҳаёти башарият аз ҳукми Худованди бузург дар Қуръони маҷид ва суннати Паёмбари Худо (с) оёт ва аҳодисро бо тавзеҳ гирд овардааст ва дар олами ислом пас аз «Сиҳоҳ»-и шашгона мақоми хос ба худ касб кардааст. Асар барои доираи васеи аҳли илм, ҷавонон ва махсусан толибилмон тавсия мешавад.
Formation : Абу Закариё Аннавави
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
From issues : Китобхонаи "Доруссалом"
Source : http://www.islamhouse.com/p/315255
- Тарбияти фарзандонКитоби "Тарбияти фарзандон" дар мавзуи тарбияти фарзанд муфид ва баёнкунандаи ҳуқуқи фарзанд ва падару модар насбати фарзанд мебошад, ва муаллиф дар таълифи китобаш аз оятҳои Қурони ва ҳадисҳои Набави истифода бурдааст.
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
From issues : http://www.firdavsi.com
Source : http://www.islamhouse.com/p/313552
- Ҷавобҳои нурони дар мавриди ошурои ҲусейниМуаллифи ин китоб бо як маҳорати баланд ва бо амонати илми тақрибан тамоми ривоятҳое ки дар мавриди ҷоиз будан ё набудани маросимҳое ки шиъаҳо дар рузи ошуро барпо медоранд: аз мароҷиъиу олимони шиъа бароямон пешкаш кардааст. Ва ҳар инсони мусалмон хоҳ шиъа бошад ва хоҳ сунни агар бо диққат ин китобчаро бихонад аз Худованд умед дорам ки ҳақиқати ҷоиз будан ё набудани ин анъанаҳову маросимҳое ки рузи ошуро барпо мешаванд: мисли занчирзаниву синазани ва пушидани либосҳои сиёҳ, хоҳад фаҳмид.
Formation : Маволи Ғуюур
Translators : Абузари Абдулло
Source : http://www.islamhouse.com/p/261603
- Шарҳи осони ақидаи таҳовӣБарои ҳар кор асос ва зербино лозим аст. Илми ақида ҳам асосу таҳдоби ҳамаи корҳо ва илмҳо мебошад, зеро, ки бидуни он некбахтии дунё ва мақбулияти аъмол ба даргоҳи Худованд имконпазир нест. Аз ҳамин ҷиҳат уламои гузашта илми ақидаро муҳимтарин ва сароғози тамоми улум мегуфтанд ва инчунин мусалмононро барои омўзиши он ташвиқу тарғиб менамуданд ва ҳатто донистани он - «ақидаи тавҳид»-ро бар ҳар зану марди мусалмон фарзи айн мешумориданд... . Аммо баъд, китоби ҳозир шарҳи мўҷазест дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат, ки эшон дар мазҳаби фақиҳони бузурги уммати Ислом, Абўҳанифа, Нўъмон ибни Собити Кўфи ва Абуюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим Ансори ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони мебошанд. Ақидаи саҳеҳи онҳоро имом Абўҷаъфари Таҳови дар ҳаҷми китобе тадвин намуда, ки воқеъан он хело ҷолиб ва муфид гардидааст. Ҳақиқатан тамоми уммати Ислом матни ақидаи Имом Таҳовиро хуб пазируфтанд ва шарҳу таълиқоти зиёд барояш навиштанд, ки баъзеашон тибқи далоили суннати набави шарҳ намуда ва баъзе дигар дар шарҳ намудан тариқаи мутакаллимин (аҳли каломро) дунбол гирифтанд. Яке аз бузургтарину судбахштарини он шарҳҳо шарҳи Имом Абулъиззи Ҳанафи мебошад, ки ў дар шарҳи худ се мулоҳизаи ислоҳҷўёна бар соҳиби «Ақидаи Таҳови» ирод фармудааст.
Formation : Муҳаммад Абдурраҳмон Алхумайс
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
Source : http://www.islamhouse.com/p/288179