Noble Quran » Тоҷики » Books » БОҒИ НАКУКОРОН
БОҒИ НАКУКОРОН
Ин китоб баргузидаи асари маъруфи олими тавонои асри XII Абузакариё ибни Шарафи Наввавӣ «Риёзу-с-солиҳин» аст. Ин асар дар робита ба муҳимтарин мавзўъҳои ҳаёти башарият аз ҳукми Худованди бузург дар Қуръони маҷид ва суннати Паёмбари Худо (с) оёт ва аҳодисро бо тавзеҳ гирд овардааст ва дар олами ислом пас аз «Сиҳоҳ»-и шашгона мақоми хос ба худ касб кардааст. Асар барои доираи васеи аҳли илм, ҷавонон ва махсусан толибилмон тавсия мешавад.Formation : Абу Закариё Аннавави
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
From issues : Китобхонаи "Доруссалом"
Source : http://www.islamhouse.com/p/315255
Random Books
- ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМЗакот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.
Formation : Абдушшариф Боқизода
Source : http://www.islamhouse.com/p/326724
- ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)Ин китоб роҷеъ ба зиндагинома, футуҳот, корномаи ду шахсияти бузурги таърихи ислом ва башарият, саҳобагони гиромӣ: Абубакр (р) ва Умар (р), ки ҳардуяшон хулафои рошидин ва падарарўсони (хусурони) Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) буданд, ба забони фасеҳу ширини форсии тоҷикӣ нақл мекунад.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/333924
- Ақвол ва аъмоле, ки барои онҳо подош ва аҷр таъйин шуда астДар ин мақола баъзе аз ақвол ва аъмоле ки барои иҷро кардани он аҷру подош аст, бо далелҳо аз ҳадисҳои паёмбар баён карда шудааст.
Formation : Гуруҳе аз Олимон
Source : http://www.islamhouse.com/p/339054
- Ашке бар тавҳидТамоми Паёмбарон мардумро фақат басуи як чиз даъват мекарданд, ва онҳам он буд, ки мегуфтанд: эй мардум! Фақат Худовандро ибодат кунед барои шумо ба ҷуз як Худо дигар Худое нест. Бародарону хоҳарони азиз! Оё медонед маъноӣ ибодат чист ? Маъноӣ ибодат: Яъне муҳаббату итоъату назру қурбони, ҳама бояд бароӣ Худо бошад. Ва бо дигар маъно: Ягона донистани Худованд бо дил, ва ягона донистани Худованд дар амал. Маъноӣ ягона донистани Худованд бо дил: Яъне дар дустдориву муҳабати Худованд ягон касро ба У баробар накардан, ва дар тарси аз Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва дар зориву илтиҷо ба суӣ Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва ба ғайр аз Худованд ба ягон кас тавакал накардан, ва ғайраҳо. Маъноӣ ягона донистани Худованд дар амал: Яъне дуъо накардан магар ба суӣ Худо, кумак талаб накардан, магар аз Худо, ва қурбониву назр накардан магар ба номи Худо, ва қасам нахурдан магар ба номи Худо, ва ғайраҳо.
Formation : Умар Хатлони
Source : http://www.islamhouse.com/p/292785
- Хоҳарам бихон то фиребат надиҳандЭй хоҳари мусалмон: Тавтиаи бузурге барои масх карданат ва бози бо ҷисму шарафат ба роҳ афтода аст, пас огоҳ шав ва аз шарри ин найранги бад ба Парвардигорат паноҳ ҷуста аз Ӯ талаби ҳимоят кун, зеро танҳо Худованд аст, ки метавонад туро наҷот диҳад.
Formation : أبو بكر جابر الجزائري
Reveiwers : Абдусаттори Ҳақназар
Source : http://www.islamhouse.com/p/373108












