Тоҷики - Sorah Al-Fatihah ( The Opening ) - Noble Quran

Noble Quran » Тоҷики » Sorah Al-Fatihah ( The Opening )

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Al-Fatihah ( The Opening ) - Verses Number 7
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ ( 1 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 1
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!
الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ ( 2 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 2
Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ ( 3 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 3
Бахшояндаи меҳрубон,
مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ ( 4 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 4
Фармонравои рӯзи ҷазо.
إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ ( 5 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 5
Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем.
اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ ( 6 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 6
Моро ба роҳи рост ҳидоят кун:
صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ ( 7 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 7
роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаи, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон.

Random Books

  • ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМИн китоб номаи пурмасъулиятест аз самими қалби пурмуҳаббати муаллиф барои тамоми занҳо, хусусан модарон ва хоҳарони мусулмон. Ин китоб номаи пурмўҳтавоест, ки ақл онро пазируфта ва шариати исломӣ онро роҳнамоӣ кардааст. Бешак, ин нома ҳар як зани мўъмин ва фозилро ба оғоз намудани зиндагии беҳтару босаодат фаро мехонад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки пур аз орзуву ҳавасҳои нек асту осудахотирию оромиро кафолат медиҳад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки саросар қаноату яқин, виқору ҳаё, ифтихору комёбӣ, муҳаббату улфат ва унсгирӣ бо зикру ёди Худои меҳрубон мебошад.

    Formation : Оиз ибни Абдуллоҳ Ал-Қарни

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/327119

    Download :ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМ

  • Одоб ва хусусиятҳои моҳи шарифи РамазонМоҳи рамазон моҳи бузург ва пурбаракате аст ва ин моҳ соҳиби одоб ва хосиятҳое аст ки дар дигар моҳҳо вуҷуд надорад, муаллифи ин китобча одоб ва хусусиятҳои ин моҳи муборакро барои хонанда баён намудааст.

    Formation : Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/357421

    Download :Одоб ва хусусиятҳои моҳи шарифи Рамазон

  • Масъалаҳои рамазониМавзуъҳои ин мақола иборатанд аз: Маънои руза. Вақти руза. Моҳи рамазон бар ки фарз аст? Шартҳои фарзи руза чаҳорто мебошанд. Шартҳои қабули руза. Суннатҳои руза шашто мебошанд. Амалҳое ки рузаро ботил месозад. Рузаҳои мустаҳаб. Рузҳое ки руза доштанашон ҳаром аст. Хусусиятҳои моҳи рамазон. Насиҳатҳо. Закоти фитр.

    Formation : Абдуллоҳ ибни Чоруллоҳ ибни Иброҳим Ал-Чоруллоҳ

    From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз

    Source : http://www.islamhouse.com/p/364581

    Download :Масъалаҳои рамазониМасъалаҳои рамазони

  • БОҒИ НАКУКОРОНИн китоб баргузидаи асари маъруфи олими тавонои асри XII Абузакариё ибни Шарафи Наввавӣ «Риёзу-с-солиҳин» аст. Ин асар дар робита ба муҳимтарин мавзўъҳои ҳаёти башарият аз ҳукми Худованди бузург дар Қуръони маҷид ва суннати Паёмбари Худо (с) оёт ва аҳодисро бо тавзеҳ гирд овардааст ва дар олами ислом пас аз «Сиҳоҳ»-и шашгона мақоми хос ба худ касб кардааст. Асар барои доираи васеи аҳли илм, ҷавонон ва махсусан толибилмон тавсия мешавад.

    Formation : Абу Закариё Аннавави

    Translators : Абдулҳалим Ъорифи

    From issues : Китобхонаи "Доруссалом"

    Source : http://www.islamhouse.com/p/315255

    Download :БОҒИ НАКУКОРОН

  • Ҳасад аз бемориҳои қалбиҲасад: яъне кинатузи нисбати касе ва хостори аз байн рафтани неъматҳоеки шомили он шуда аст. Баъзеҳо гуфтаанд: Ҳасад ба ҳамон ранҷе мегӯянд, ки шахс ҳангоми бо хабар шудан аз ҳоли касеки вазъаш хуб шуда аст, мебарад. Ҳамчунин гуфтаанд: Ҳасад яъне: Орзӯи дур шудани неъмат аз дигарон. Ба ҳар ҳол ҳасад ҳамон буғзу кина ва кароҳат ва ранҷе аст, ки бо дидани хубии ҳоли маҳсуд ба ҳосид даст медиҳад.

    Formation : Аҳмад ибни Абдулҳалим

    Reveiwers : А. Ҳақназар

    Translators : Алӣ Сорими

    Source : http://www.islamhouse.com/p/380298

    Download :Ҳасад аз бемориҳои қалбиҲасад аз бемориҳои қалби