Noble Quran » Тоҷики » Sorah Al-Fil ( The Elephant )
Random Books
- Занҳои тавба кунандаХоҳари мусулмон! Оё чунин нест, ки ҳар яки мо гуноҳу хатоҳои зиёд дорем? Оре! Локин оё ҳамаи ин моро аз раҳмати беканори илоҳи ноумед месозад? Оё гуноҳон моро аз мағфирати васеъи Парвардигори ғафур маъюс мегардонад? Хоҳари мусалмон, ба ин ҳадиси қудси бингар, ки Худованди мутаъол моро даъват намуда чунин мефармояд:
Formation : Маҷди Фатҳи Ас-Сайд
Translators : Муҳаммад Шарифи Одина
Source : http://www.islamhouse.com/p/383802
- Беҳтарин инсонҳо баъд аз ПаёмбаронХудованд Паёмбарашро дар миёни гуруҳе аз халқи худ, яъне Асҳоб баргузида аст, ки ӯро бар ҷон ва моли худ бартарӣ доданд ва дар ҳар ҳол худро фидои эшон намуданд, чунон чӣ Худованд дар Қуръони Карим васфашон менамояд ва мефармояд:
Translators : Исҳоқ ибни Абдуллоҳ Аддабири Ал-Авази
From issues : وزارة الأوقاف والشؤون الإسلامية بالكويت
Source : http://www.islamhouse.com/p/376476
- Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломДини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.
Formation : Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед
Translators : Абдусаттори Ҳақназар
Source : http://www.islamhouse.com/p/372449
- ҲАҷ Таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми онМаросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.
Formation : Абдушшариф Боқизода
Source : http://www.islamhouse.com/p/252724
- ГУШАЕ АЗ ЗИНДАГОНИИ АСҲОБИ ПАЁМБАР (с) (разияллоҳу ъанҳум)Ин китоб баёнгари имони ростин ва шуҷоату қаҳрамонии ёрони босафои ҳазрати Паёмбар (дову дуруд бар У бод) аст, ки бо сидқу ихлос зи пай нуре, ки дар Макка дурахшид ва дар Мадина тобид ва дар ҷаҳон партав афканд, рафтанд ва саъодати ҷовидонро дар дунё бо зикри корномаҳои нек ва дар охират бо касби биҳишти барин дарёфтанд.
Formation : Абдурраҳмон Раъфат Бошо
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
From issues : Муассисаи Вақфи Исломи
Source : http://www.islamhouse.com/p/221983












