Тоҷики - Sorah An-Nas ( Mankind ) - Noble Quran

Noble Quran » Тоҷики » Sorah An-Nas ( Mankind )

Choose the reader


Тоҷики

Sorah An-Nas ( Mankind ) - Verses Number 6
قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ النَّاسِ ( 1 ) An-Nas ( Mankind ) - Ayaa 1
Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам,
مَلِكِ النَّاسِ ( 2 ) An-Nas ( Mankind ) - Ayaa 2
фармонравои мардум,
إِلَٰهِ النَّاسِ ( 3 ) An-Nas ( Mankind ) - Ayaa 3
Худои мардум,
مِن شَرِّ الْوَسْوَاسِ الْخَنَّاسِ ( 4 ) An-Nas ( Mankind ) - Ayaa 4
аз шарру васвасагари пинҳоншаванда,
الَّذِي يُوَسْوِسُ فِي صُدُورِ النَّاسِ ( 5 ) An-Nas ( Mankind ) - Ayaa 5
он кӣ дар дилҳои мардум васваса мекунад,
مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ ( 6 ) An-Nas ( Mankind ) - Ayaa 6
хоҳ аз ҷинниён бошад ё аз одамиён!»

Random Books

  • Имон овардан ба улуҳияти ХудоМаънои имон овардан ба улуҳияти Худованд: Имон овардан ба улуҳияти Худо Бояд ҳар инсон тасдиқи қатъӣ намояд ба ин ки танҳо Аллоҳ таъоло сазовори ибодат ва парастиши зоҳирӣ ва ботинӣ мебошад; монанди дуъо, хавфу тарс аз Худо, таваккал намудан, мадад хостан, намоз, закот ва рўза. Бино бар ин банда яқин менамояд, ба ин ки фақат Аллоҳ таъоло маъбуди барҳақ ва бе мисли монанд мебошад, чуноне ки Аллоҳи бузург фармуда: (وإلهكم إله واحد لا إله إلا هو الرحمن الرحيم) «Ва Худои шумо якест, нест худое ҷуз Худованди бахшанда ва меҳрубон.»(Бақара-163)

    Reveiwers : Билолуддин Бадруддин

    From issues : http://www.firdavsi.com

    Source : http://www.islamhouse.com/p/260232

    Download :Имон овардан ба улуҳияти ХудоИмон овардан ба улуҳияти Худо

  • Дӯстӣ ва хешовандӣ миёни аҳли байт ва асҳоби Паёмбар (с) (Намунаҳои далолаткунанда бар робитаҳои самимӣ миёни аҳли байт ва саҳобагон)Ин намунаҳои хешовандӣ гуёи муҳаббати ногусастанӣ ва хешовандии бисёр мустаҳкам миёни аҳли байт ва саҳобаи Паёмбар (с) аст. Ин китоб бо далелҳои равшан ва мустаҳкам мавзуи муҳаббати мавҷуд миёни онҳоро исбот мекунад ҳамон гуна ки Худованд дар васфи онҳо гуфтааст: "Нисбат ба якдигар меҳрубон ва дилсӯзанд".

    Formation : Али ибни Ҳамад ибни Муҳаммад Ат-Тамими

    From issues : Маркази баҳсҳои мабарраи Ол ва Асҳоб

    Source : http://www.islamhouse.com/p/344067

    Download :Дӯстӣ ва хешовандӣ миёни аҳли байт ва асҳоби Паёмбар (с) (Намунаҳои далолаткунанда бар робитаҳои самимӣ миёни аҳли байт ва саҳобагон)

  • Хоҳарам бихон то фиребат надиҳандЭй хоҳари мусалмон: Тавтиаи бузурге барои масх карданат ва бози бо ҷисму шарафат ба роҳ афтода аст, пас огоҳ шав ва аз шарри ин найранги бад ба Парвардигорат паноҳ ҷуста аз Ӯ талаби ҳимоят кун, зеро танҳо Худованд аст, ки метавонад туро наҷот диҳад.

    Formation : أبو بكر جابر الجزائري

    Reveiwers : Абдусаттори Ҳақназар

    Source : http://www.islamhouse.com/p/373108

    Download :Хоҳарам бихон то фиребат надиҳандХоҳарам бихон то фиребат надиҳанд

  • Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломДини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.

    Formation : Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед

    Translators : Абдусаттори Ҳақназар

    Source : http://www.islamhouse.com/p/372449

    Download :Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломОсонгири ва тасомуҳ дар Ислом

  • Умари Форуқ - разияллоҳу анҳу -Беҳтарини Саҳобагон, балки беҳтарини фарзандони одам, баъди Паёмбарону баъди Абубакр, ва маҳбубтарини саҳобаҳо ба Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- баъди Абубакр. Ин мард касе аст, ки ҳама вақт дар баробари гирифтани номаш, лақаби шучоъу ҳақпарасту одил ҳамроҳ карда мешавад, балки ҳар кучо ки номи У гирифта мешавад, ҳар сифати хубе ки дар баробарии номаш ҳамроҳ карда мешуд мувофиқ меомад, мисли, парҳезгор, зоҳид, хоксор, ва бисёр гирякунанда аз тарси Худо, ин чунин бисёр донову бо фаросат ва дурандеш ва душмани ҳавову ҳавас буд, ҳамай ин сифатҳое буданд ки номи ин шахс онҳоро дар бар мегирад. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед ки он кист.

    Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид

    Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид

    Source : http://www.islamhouse.com/p/208454

    Download :Умари Форуқ - разияллоҳу анҳу -Умари Форуқ - разияллоҳу анҳу -