Noble Quran » Тоҷики » Books » Ашке бар тавҳид
Ашке бар тавҳид
Тамоми Паёмбарон мардумро фақат басуи як чиз даъват мекарданд, ва онҳам он буд, ки мегуфтанд: эй мардум! Фақат Худовандро ибодат кунед барои шумо ба ҷуз як Худо дигар Худое нест. Бародарону хоҳарони азиз! Оё медонед маъноӣ ибодат чист ? Маъноӣ ибодат: Яъне муҳаббату итоъату назру қурбони, ҳама бояд бароӣ Худо бошад. Ва бо дигар маъно: Ягона донистани Худованд бо дил, ва ягона донистани Худованд дар амал. Маъноӣ ягона донистани Худованд бо дил: Яъне дар дустдориву муҳабати Худованд ягон касро ба У баробар накардан, ва дар тарси аз Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва дар зориву илтиҷо ба суӣ Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва ба ғайр аз Худованд ба ягон кас тавакал накардан, ва ғайраҳо. Маъноӣ ягона донистани Худованд дар амал: Яъне дуъо накардан магар ба суӣ Худо, кумак талаб накардан, магар аз Худо, ва қурбониву назр накардан магар ба номи Худо, ва қасам нахурдан магар ба номи Худо, ва ғайраҳо.Formation : Умар Хатлони
Source : http://www.islamhouse.com/p/292785
Random Books
- Аз самими дилам ба самими дилҳоАз самими дилам ба самими дилҳо, китобчаест дар мавзуъи бисёр муҳим, ақида ва афкори раисии мазҳаби шиаро зикр карда, дар мизони шариат ва ақл мегузорад, ва аз бародарони шиа даъват мекунад ки дар ин мавзуъҳо ақли солимро кор фармуда ба хуломаи дуруст биёянд ва роҳи ҳақро ихтиёр намоянд. Аз ҷумлаи мавзуъҳои зикршуда инҳоянд: Ашке бар Тавҳид Шиъаҳо ва Қурон Шиҳаъо ва саҳобагон Имомат Никоҳи Мутъа Хумс Имом Маҳди Исмату маъсумият Тақя Ва дигар мавзуъҳо.
Formation : Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис
Source : http://www.islamhouse.com/p/320517
- Мунозараи имом Ҷаъфари Содиқ бо як РофизӣИн китоб нақл кунандаи яке аз мунозараҳои Имом Ҷаъфари Содиқ бо яке аз рофизиён мебошад.
Reveiwers : Али ибни Абдулазиз Аш-Шибил
Translators : Абдуллоҳ Ҳайдари
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/385403
- Силсилаи ҳақиқат: Фақат як пайғомДар ин китоб нависанда исбот мекунад ки ҳамаи китобҳои осмони даъват ба якто парасти мекунанд, ва дини ислом охирин динҳои осмонист.
Formation : Ноҷи ибни Иброҳим Ал-Арфаҷ
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Translators : Иброҳим Қаҳоруф
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/200227
- ҲАҷ Таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми онМаросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.
Formation : Абдушшариф Боқизода
Source : http://www.islamhouse.com/p/252724
- ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАДХонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329947












